LIVE

🎬 Роналду аз амали мухлисаш ба ғазаб омад

Дар бозии ниҳоии марҳилаи гуруҳии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои «Байер»  ва «Ювентус» (0:2) мухлисони ҳамлагари португалӣ - Криштиану Роналду зуд-зуд ба майдон давида мебаромаданд.


Дар вақти асосӣ ду маротиба ба майдон баромаданд. Аз якум ҳаводораш Криш худро дур мекард.


Бо вуҷуди ин ӯро ба оғуш гирифт.


Аз мухлиси дуюмаш бошад билохира гурехт - стюарди варзишгоҳ мухлисро дошт.



Ҳолати ногувор бошад, дарҳол пас аз анҷоми бозӣ рӯх дод: мухлис аз паси Криш давида аз гарданаш дошта кӯшиши «селфи» карданро кард. Аммо ин амали мухлис Роналдуро ба ғазаб овард.





Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив