LIVE

"Вест Хэм Юнайтед" аз ду бозигараш ҷудо шуд

"Вест Хэм Юнайтед"  ин зимистон ду бозигарашро гусел кард. Яке аз онҳо Пабло Форналс буд, ки бар ивази   8 млн евро ба "Бетис" омад. Трансфере, ки қариб амалӣ шуданаш дар хатар буд, ахиран ба ҳақиқат табдил ёфт. Нимҳимоягари испании 27-сола , ки пештар дар  Ла Лига дар сафи "Малага" ва "Вилярреал" бозӣ мекард, бо даста аз Севиля то тобистони соли  2029 шартнома имзо кард. Чӣ тавре ишора шуд, "Бетис" ҳамаи ҳуҷҷатҳоро сари вақт равон кард, вале вобаста ба мушкилоти техникӣ трансфери мувофиқашуда  дар рӯзи ахир амалӣ нашуд. Вале ахиран ҷонибҳо гузаришро дуруст карда тавонистанд.
Бозигари дигари "Вест Хэм Юнайтед"-ро "Лион" ба иҷора гирифт. Ин ҳам Саид Бенрахма аст, ки нархи  иҷорааш 6 млн евроро ташкил дода, ӯро бо анҷоми мӯҳлати иҷора метавона бо  14,4 млн евро харидорӣ кард.
Бар замми гирифтани шаш млн евро аз Англия ҳамчунин дастаи Лигаи якум иброз дошт, ки  10 фоизи пул аз фурӯши минбаъдаи Саиди 28-соларо ҳам   "Вест Хэм" мегирад.
Инҷо ҳам дар рӯзи ахири маҳкамшавии равзанаи зимистонаи трансферӣ қариб, ки транфери Саид Бенраҳма бекор мешуд, вале ҷонибҳо, ки ба ин кор сахт розӣ буданд, Бенрахма дигар ба Фаронса рафта тавонист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив