LIVE

10 голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи “Саразм”

Дар доираи бозиҳои даври сеюми қисмати ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дастаҳои “Истиқлол” –и шаҳри Душанбе ва “Саразм”-и шаҳри Панҷакент ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби бузурги 10 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати тими шаҳри Душанбе Масрур Ғафуров дар дақиқаҳои 6-ум, 34-ум, Алишер Ҷалилов дар дақиқаҳои 46-ум, 60-ум, Окоро дар дақиқаи 24-ум, Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 36-ум, Денис Беганович дар дақиқаи 38-ум, Бозоров дар дақиқаи 59-ум, Деҳқонӣ дар дақиқаи 79-ум ва Тухтаев дар дақиқаи 75-ум (худгол) ба самар расониданд.

Бо ин пирӯзӣ “Истиқлол” бо касби 9 имтиёз аз зинаи аввали гурӯҳи “А” роҳашро ба даври нимниҳоии мусобиқа ҳамвор намуд. “Саразм” бо 1 имтиёз аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар майдонҳои асосӣ ва эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми Федератсия бар иловаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Ғолиби медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив