LIVE

Пирӯзии бузурги “Истиқлол” зидди “Ҳулбук” дар Ҷоми ФФТ-2025

Дар доираи бозиҳои даври 4-уми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ -2025 дар минтақаи Душанбе дастаҳои “Истқилол” ва “Ҳулбук” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт.
Аз ҳайати “Истиқлол” голҳоро Денис Беганович дар дақиқаи 8-ум, Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 17-ум, 21-ум, Манучеҳр   Ҷалилов дар дақиқаи 46-ум ва Рустам Камолов дар дақиқаи 54-ум ба самар расониданд. Муҳаммадҷон Раҳимов беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд. 
Ин дуюмин пирӯзии “Истиқлол” дар марҳилаи интихобии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2025 мебошад. Дар бозии аввал “Истиқлол” аз “Ҳосилот” бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуда, дар бозии дуюм бо дубли Масрур Ғафуров бар “Сардор”-и шаҳри Турсунзода зафар ёфта буд.
“Ҳулбук” бори аввал дар марҳилаи интихобии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2025 мағлуб шуд. Дастаи ноҳияи Восеъ дар даври аввал бар “Сардор” бо ҳисоби 2 бар 0 ва дар бозии дуюм бар “Барқчӣ” бо ҳисоби 1 бар 0 зафар ёфта буд.
Қобили зикр аст, ки “Истиқлол” дар бозиҳои интихобии минтақаи Душанбе шомили гурӯҳи “Б” бо дастаҳои “Сардор”, “Ҳосилот”, “Барқчӣ” ва “Ҳулбук” мебошад.
Бозии навбатиро “Истиқлол” бо “Барқчӣ” рӯзи 2-юми феврал доир мекунад. “Ҳулбук” дар ҳамин рӯз бо “Ҳосилот” бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи кишвар баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст.
Дастаи ғолиб 50 ҳазор, зинаи дуюм 30 ҳазор ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд. Қобили зикр аст, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутои даста аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.
Соли гузашта, дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив