LIVE

Дербии водии Ҳисор ба фоидаи “Регар-ТадАЗ” анҷом ёфт

Дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ -2025 дар минтақаи Душанбе дастаҳои “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор ва “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдончаҳои захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 3 ба суди “Регар-ТадАЗ” анҷом ёфт.
Ҳисоб дар дақиқаи 15-уми бозӣ кушода шуд. Муаллифи гол Квадво Фримпонг аз ҳайати “Регар-ТадАЗ” гардид. Пас аз 18 дақиқа аз ҳайати “Регар-ТадАЗ” Фаридун Давлатов ҳисобро дучанд. Дар дақиқаи 73-юми бозӣ Анӯшервон Мирзозода аз ҳайати “Шодмон” аз пеналти гол зад. Бо гузаро шудани як дақиқаи дигар Осуман Касим нуқтаи ниҳоиро дар вохӯрӣ гузошта, ҳисобро 3 бар 1 ба фоидаи тими шаҳри Турсунзода кард.
Ин сеюмин ғалабаи “Регар-ТадАз” дар марҳилаи интихобии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе буд. Дар даври аввал “Регар-ТадАЗ” бар “Рангон”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 0 бар 8 ва дар даври дуюм бар “Ёқут”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 2 бар 0 зафар ёфта буд.
“Шодмон”-и Ҳисор дар даври аввал аз КМВА бо ҳисоб 0 бар 2 мағлуб шуда, дар даври дуюм бо “Душанбе” мусовӣ 1 бар 1 бозӣ карда буд.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “А” дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 9 имтиёз дар зинаи дуюм аст. “Шодмон” бо 1 имтиёз дар зинаи 5-ум ва КМВА бо 9 имтиёз пешсафи гурӯҳ мебошад. Дастаҳои дигари гурӯҳ “Душанбе” бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм, “Рангон” бо 3 имтиёз дар зинаи 4-ум ва “Ёқут” бидуни имтиёз дар зинаи охир мавқеъ гирифтаанд.
Дар даври чаҳорум «Регар-ТадАЗ» рӯзи 31-юми январ бо дастаи «Душанбе» вомехӯрад. Оғози рақобат соати 13:30 дар назар аст. “Шодмон” дар даври чаҳорум бо “Рангон” бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо рӯзи 31-уми январ соати 10:30 оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи кишвар баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст.
Дастаи ғолиб 50 ҳазор, зинаи дуюм 30 ҳазор ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд. Қобили зикр аст, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутои даста аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.
Соли гузашта, дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив