LIVE

«Регар-ТадАЗ» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2024

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, ки дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2024 бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, барои ҳафтумин бор дар таърихи бошгоҳи худ соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Вохӯрии ниҳоӣ барои  ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 20 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд ва 13250 тамошобинро ҷалб кард.
Ҳамаи голҳои бозӣ дар нимаи аввали дидор зада шуда, ҳисоби рақобат дар дақиқаи 11-ум боз шуд. Легионери камерунии тими “Хуҷанд” Тони Бикатал муаллифи худгол ба дарвозаи хеш гардид. Пас аз шаш дақиқа тӯби дуюмро легионери ганаии «Регар-ТадАЗ» Квадво Фримпонг ҷониби дарвозаи ҳариф равон намуд. Дар дақиқаи 36-ум бошад ҳимоятгари дастаи “Хуҷанд” Фирӯз Қараев аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро як бар ду намуд.
Ҳамин тариқ, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии душвори ниҳоӣ бар «Хуҷанд» ғолиб омада, барандаи ҳафткаратаи Ҷоми Тоҷикистон гардид. Қаблан бошгоҳи шаҳри Турсунзода дар солҳои 2001, 2002, 2005, 2006, 2011 ва 2012 барандаи Ҷоми кишвар шуда буд.
«Регар-ТадАЗ баъди ин пирӯзӣ ҳаққи муаррифии Тоҷикистонро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC дар мавсими 2025/26 гирифт.
Пас аз анҷоми бозии даври ниҳоӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Фурқат Аҳмадҷонов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар маросими супурдани мукофотҳо ба ҷоизадорон ширкат карданд.
Беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ легионери ганаии “Регар-ТадАЗ” Квадво Фримпонг дониста шуд.
Ба ҷуз ин ҷом, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»  маблағи 60 ҳазор сомонӣ дарёфт кард. Дастаи мағлубшуда ё худ тими  “Хуҷанд” бо 40 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив