Пас аз анҷоми бозиҳои даври 8-уми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо номи 12 дастае маълум шуд, ки ин мусобиқаро тарк кардаанд. Ин дастаҳо «Динамо Киев», «Нитса», «Қарабоғ», «Лудогорес», «Малмё», «Славия Прага», МФР, «Маккаби Тел-Авив», «Бешиктош», «Хоффенхайм», «Элфсборг» ва «Брага» мебошанд. Тибқи ҷамбасти марҳилаи умумии мусобиқа ин дастаҳо дар зинаҳои аз 25-ум то 36-ум ҷой гирифтанд.
Ҳашт дастаи беҳтарини марҳилаи умумии Лигаи Аврупо мустақиман ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфтанд. Дастаҳое, ки зинаҳои аз 9-ум то 24-умро ишғол мекунанд, барои шомилшавӣ ба ҳаштгонаи беҳтаринҳо бозиҳои марҳилаи плей-оффро мегузаронанд.
Дар қуръакашии плей-офф дастаҳои аз зинаи 9-ум то 16-ум дар охири марҳилаи умумӣ ҷойгир карда мешаванд ва бо бошгоҳҳо аз зинаи 17-ум то 24-ум бозӣ мекунанд. Дастаҳои пешсаф дар бозии ҷавобии плей-офф дар майдони худ бозӣ мекунанд.