LIVE

Натиҷаи бозиҳои даври охирини марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо

Марҳилаи умумии мавсими Лигаи Чемпионҳои УЕФА 2024/2025 ба охир расид. Ҳашт дастаи беҳтарин аз марҳилаи умумӣ мустақиман ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфтанд. Дастаҳое, ки аз зинаи 9-ум то 24-ум ҷой гирифтаанд, барои дарёфти ҳаққи шомил шудан ба ҳаштгонаи беҳтаринҳои бозиҳои рафту баргаштро дар марҳилаи плей-офф доир хоҳанд кард. Дастаҳое, ки дар зинаи 25-ум ё поёнтар аз он қарор гирифтанд, мавсимро бидуни идомаи рақобат дар Лигаи Аврупои УЕФА ба анҷом мерасонанд.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 8-ум
30 январи соли 2025, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Астон Вилла” (Бирмингем, Англия) 4:2 “Селтик” (Глазго, Шотландия)
“Янг Бойз” (Берн, Швейтсария)  0 : 1 “Срвена Звезда”  (Белград, Сербия)
“Лилл” (Лилл, Фаронса) 6:1 “Фейеноорд” (Роттердам, Нидерланд)
“Спортинг”  (Лиссабон, Португалия) 1:1 “Болоня” (Болоня, Италия)
“Динамо З” (Загреб, Хорватия) 2:1 “Милан” (Милан, Италия)
“Жирона” (Жирона, Испания) 1:2 “Арсенал” (Лондон, Англия)
“Штутгарт” (Штутгарт, Олмон) 1:4 “ПСЖ” (Париж, Фаронса)
“Ювентус” (Турин, Италия) 0 : 2 “Бенфика” (Лиссабон, Португалия)
“Ред Булл Залтсбург” (Залтсбург, Австрия)  1:4 “Атлетико М” (Мадрид, Испания)
“Байер” (Леверкузен, Олмон) 2:0 “Спарта П” (Прага,  Чехия)
“Брест” (Брест, Фаронса)  0 : 3 “Реал Мадрид” (Мадрид, Испания)
“ПСВ Эйндховен” (Эйндховен, Нидерланд)  3:2 “Ливерпул” (Ливерпул, Англия)
“Барселона” (Барселона, Испания) 2:2 “Аталанта” (Бергамо, Италия)
“Боруссия Д” (Дортмунд, Олмон) 3:1 “Шахтёр” (Украина)
“Штурм” (Грас, Австрия)  1:0 “РБ Лейпсиг” (Лейпсиг, Олмон)
“Бавария” (Мюнхен, Олмон) 3:1 “Слован Бр” (Братислава, Словакия)
“Интер М” (Милан, Италия) 3:0 “Монако” (Монако, Монако)
“Манчестер Сити” (Манчестер, Англия) 3:1 “Брюгге”
Дар қуръакашии марҳилаи плей-офф дастаҳое, ки дар марҳилаи умумӣ ҷойҳои аз 9-ум то 16-умро ишғол мекунанд, ворид карда мешаванд ва бо дастаҳо аз зинаи  17-ум то 24-ум бозӣ мекунанд. Дастаҳои пешсаф дар бозии ҷавобии плей-офф дар майдони худ бозӣ мекунанд. Ҳашт ғолиби бозиҳои плей-офф ба даври 1/8 финал роҳ меёбанд ва дар марҳилаи умумӣ бо  8 бошгоҳҳои беҳтарин, ки дар даври қуръакашӣ муайян карда мешавад, бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив