Бошгоҳи саудии “Ал-Иттифоқ”и эълон кард, ки Стивен Ҷеррард, ки вазифаи сармураббии ин дастаро бар ӯҳда дошт, бо ризоияти тарафайн аз бошгоҳ рафт.
Муттахассиси англис тобистони соли 2023 сармураббии ба ҳайси “Ал-Иттифоқ” таъин шуда буд. Қаблан Ҷеррард «Астон Вилла» ва «Рейнҷерс»-ро тамрин мекард. Бо тими шотландӣ ӯ қаҳрамони Шотландия шуда будл. Стивен инчунин бо дастаи ҷавонони “Ливерпул” кор кардааст.
Ҷеррард даспарвари академияи бошгоҳи мерсисайдӣ буда, бо Бозигари англис соли 2016 ба фаъолияти касбии футболбозияш нуқта гузошт. Дастаи ахири Стивен тими амрикоии “Лос-Анҷелес Гэлакси” буд.