LIVE

Стивен Ҷеррард аз мақомаш барканор шуд

Сомонаи расмии  бошгоҳи «Астон Вилла» эълон кард, ки  Стивен Ҷеррард аз мақоми сармураббӣ барканор карда шуд.
"Мо мехоҳем ба Стивен барои меҳнат ва садоқати ӯ изҳори сипос кунем ва ба ӯ дар оянда ҳам муваффақият таманно дорем”- омадааст, дар изҳороти  даста. «Астон Вилла» бо гузашти 11 бозӣ бо 9 имтиёз дар зинаи 17-уми  Премер-лига мебошад. Ҷеррард моҳи ноябри соли 2021 дастаро ба ӯҳда гирифт. Таҳти роҳбарии ӯ «Астон Вилла» дар мавсими гузашта дар ҷои 14-ум қарор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив