Бошгоҳи "Ювентус"-и Турин бо сармураббии собиқи "Барселона" Хави тамос гирифт, то музокироти ғайрирасмиро баҳри роҳандозии ҳамкорӣ оғоз кунад. Дар ин бора L'Equipe хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ чунин карор ба эҳтимоли барканории сармураббии «Ювентус» Тиаго Мотта рабт надорад. Қайд карда мешавад, ки бо ин музокираҳо бошгоҳи туринӣ дар бозор, аз ҷумла барои мураббиён ошкорбаёнӣ нишон медиҳад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Хави дар ҷустуҷӯи бошгоҳи нав барои кор аст ва бо эҳтимолияти зиёд дар тобистон ба симмати сармураббигӣ бармегардад.
Мутахассиси 45-сола аз соли 2021 то 2024 тими “Барселона”-ро тамрин дода, бо ин тим ғолиби чемпионати Испания ва Суперҷоми Испания шудааст.
«Ювентус» бошад пас аз 22 давр бо 37 имтиёз дар ҷои панҷуми ҷадвали Серия А мебошад.