Сармураббии «Интер Майами» Херардо Мартино дастаи амрикоиро тарк мекунад.
Ба иттилои нашрияи Marca мутахассиси испанӣ Хави, ки қаблан сарварии “Барселона”-и каталонӣ буд, метавонад сармураббии нави тими амрикоӣ шавад.
Хави то будан чун сармураббии «Барселона» то моҳи ноябри соли 2021 сармураббии дастаи «Ал-Садд»-и Қатар буд. Мураббии 44-сола аз соли 2019 дар ин бошгоҳ кор мекард.
Ёдовар мешавем, ки Хави охири мавсими гузашта вазифаи сармураббии бошгоҳи каталониро тарк карда буд. Ӯ бо «Барселона» қаҳрамони Испания ва дорандаи Суперҷоми Испания шуда буд.