Соли 2025 бори нахуст бо ташаббуси Ассотсиатсияи футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни бошгоҳҳои ин минтақа "Ҷоми Роҳи Абрешим" доир мегардад.
Тибқи тартиб (формат)-и баргузории худ мусобиқа аз марҳилаҳои интихобӣ, гурӯҳӣ ва ниҳоӣ иборат аст. Дар маҷмуъ, дар ин мусобиқа 10 даста иштирок мекунад. 6 дастаи ғолиби чемпионатҳои Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон соҳиби роҳхати мустақим ба марҳилаи гурӯҳӣ мешаванд.
Барандагони Ҷоми кишварҳои Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар марҳилаи интихобӣ барои 2 роҳхати дигар ба марҳилаи гурӯҳӣ талош мекунанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ 3 бозӣ доир мекунад. Ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳои ҷойи дуюм ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозӣ барои ҷойи сеюм: Дастаи дуюми гурӯҳи "В" бо дастаи дуюми гурӯҳи "А" рақобат мекунад. Финал: ғолиби гурӯҳи "А" бо пешсафи гурӯҳи "В" барои қаҳрамонӣ мубориза мебарад.
Бозиҳои марҳилаи интихобӣ охири моҳи март ва марҳилаи ниҳоӣ аз 26-уми апрел то 6-уми май барпо мешаванд. Макони баргузории бозиҳои марҳилаи ниҳоӣ дертар эълон мегардад. Бо эҳтимоли зиёд аз Эрон ва Ӯзбекистон ба ҷойи қаҳрамонҳои чемпионати ин кишварҳо дастаҳои дигар иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур, Тоҷикистонро дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” намояндагӣ мекунанд.
