Дар шаҳри Маскав президенти дастаи «Равшан» Зафар Соҳибназар бо мутахассиси шинохта Дмитрий Черишев шартномаи ҳамкорӣ барои мавсими 2025-ро ба имзо расонид. Дар ин бора дафтари матбуотии «Равшан» хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ , Черишев рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон омада, машқу тамринҳои дастаҷамъонаро дар шаҳри Душанбе ва яке аз кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ хоҳад кард.
Мутахассиси рус қаблан роҳбарии дастаи «Шинник»-ро ба уҳда дошт ва 17-уми декабр аз вазифааш озод шудааст. Черишев падари Денис Черишев - футболбози маъруфи Русия, ки дар дастаҳои номдори Испания, аз ҷумла «Реал Мадрид», «Валенсия» ва «Вилярреал» бозӣ кардааст.