LIVE

Бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб боз бе мураббӣ монд

Сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Аҳлиддин Турдиев пас аз бохт дар Суперҷоми Тоҷикистон-2024 ва даври 6-ум Чемпионати Тоҷикистон бо хоҳиши худ аз ин мақомаш истеъфо дод! Дар ин бора дафтари матбуотии дастаи "Равшан" хабар дод. 
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб зери роҳбарии Аҳлиддин Турдиев дар ин мавсим аввалин маротиба соҳиби Ҷоми ФФТ-2024 гардид. Ҳамчунин дар 7 бозии расмии дигар “Равшан” зери роҳнамоии Турдиев 2 ғалаба, 3 мусовӣ ва 2 бохт дорад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозиҳои навбатӣ зери роҳбарии мутахассиси эронӣ Масъуд Назарзода майдондорӣ мекунад. Охирон дастаи Назарзода ин "Файзканд"  ва Турдиев ин "Куктош" буд, ки дар Лигаи олӣ баромад мекарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив