Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо мутахассиси тоҷик Аҳлиддин Турдиев барои ҳамкорӣ дар мавсими нави футбол ба мувофиқа расид. Маросими ба имзо расонидани шартнома бо роҳбарияти “Равшан”-и Кӯлоб рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ҳамзамон маросими ба имзо расонидани шартнома бо ситоди нави мураббиён, якқатор футболбозони тоҷик ва тамдиди шартнома бо футболбозони даста низ дар ин рӯз роҳандозӣ карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар ин маросим мухлисону ҳаводорони даста метавонанд ширкат намоянд. Оид ба баргузории нишасти мазкур рӯзҳои баъди иттилоъ хоҳем дод.
Фаъолияти касбии Аҳлиддин Турдиев ба ҳайси сармураббӣ чунин аст:
• 2009-2011 сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе (Лигаи Олӣ)
• 2012-2013 мурабби дар академияи Истиқлол
• 2014- Сармураббии дастаи “Далерон”-и Истаравшан (Лигаи Олӣ)
• 2014-2018 Сармураббии дастаи “Уқобони Индукуш” Афғонистон
• 2018 мураббии калони дастаи “Куктош”-и Рӯдакӣ (Лигаи Олӣ)
• 2019-2022 Сармураббии дастаи наврасон ва ҷавонони мунтахаби Тоҷикистон.
• 2023- Сармураббии дастаи “КМВА”-и Душанбе (Лигаи Олӣ)
• 2023- Сармураббии дастаи “Куктош”-и Рӯдакӣ (Лигаи Олӣ)
Ёдовар мешавем, ки дар ин вазифа Турдиев - Тоҳирҷон Муъминовро иваз кард.