LIVE

Ӯзбекистон дар лаҳзаҳои охири бозӣ аз Қатар мағлуб шуд

Дар доираи бозиҳои даври 5-уми марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 мунтахабҳои Қатар ва Ӯзбекистон ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷассим бин Ҳамад”-и шаҳри Доҳа дар ҳузури 10 759 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.
Қисми аввали бозӣ ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт. Ҳамлагари 28 солаи тими миллии Қатар – Алмоэс Алӣ дар дақиқаҳои 25-ум ва 41-уми бозӣ дубл кард. Ҳардуи ирсоли голбахшро Акрам Афиф марбути исми хеш кард.
Дар нимаи дуюми бозӣ аз ҳайати тими миллии Ӯзбекистон – Аббосбек Файзуллоев бо дубли хеш дар дақиқаҳои 75-ум ва 80-ум ҳисобро баробар кард. Ирсолҳои головарро ба Аббосбек ҳамдастаҳояш Ҳоҷиакбар Алиҷонов ва Ҷалолиддин Машарипов анҷом доданд.
Мизбононро дар идомаи вохӯрӣ натиҷаи мусовӣ қонеъ накард ва онҳо пайваста таваҷҷӯҳро ба хати ҳамла равон карда буданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 90+12 –уми бозӣ Лукас Мендеси 34 сола берун аз ҷаримагоҳ бо як зарбаи тобноки хеш тӯбро ба дарвозаи Ӯзбекистон зад ва ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Пас аз бохт аз қаҳрамони Осиё тими миллии Ӯзбекистон ҳоло бо 10 имтиёз дар зинаи дуюми гурӯҳи “В” маскан гирифтааст. Қатар бо 7 имтиёз дар зинаи чаҳорум аст. Эрон бо 13 имтиёз пешгоми гурӯҳи мазкур мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив