LIVE

Ду бозии Ҷоми Испания вобаста ба тӯфон ба таъхир афтод

Федератсияи футболи шоҳигарии Испания (RFEF) эълон кард, ки ду бозии даври аввали Ҷоми Испания ба далели таъсири тундбод ба таъхир афтодааст. Хамин тавр, вохӯриҳо байни «Валенсия» ва «Парла Эскуэла», ва «Леванте» бо  «Понтеведра» мавқуф гузошта шуданд.
«Бинобар шароити номусоиди обу ҳаво, дақиқан бар асари тӯфоне, ки дар як қисми кишварамон ба амал омад, бозиҳои даври аввали Копа дел Рей, ки имрӯз 30-юми октябр бояд баргузор мешуданд, ба таъхир афтоданд. Аз ҷумла, сухан дар бораи бозиҳои «Валенсия» - «Парла Эскуэла» ва «Леванте» - «Понтеведра» меравад.
Бо назардошти вазъи кунунӣ эҳтимолан бозиҳои дигари Ҷоми Испания, ки фардо, рӯзи панҷшанбе ба нақша гирифта шуда буданд, ба таъхир андохта шаванд», - гуфта мешавад дар изҳороти расмии хадамоти матбуотии Федератсияи футболи шоҳигарии Испания.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив