LIVE

Мбапперо ҳукми зиндон таҳдид мекунад

Нашрияи фаронсавии RMC Sport бар он аст, ки ҳамлагари тими “Реал Мадрид” ва мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ҳангоми сафараш ба Шветсия робитаи дорои характери таҷаовуз ба номус анҷом додааст. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки ҳамлавар бовар дорад робитаи ҷинсӣ  бо ризояти тарафайн рух додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ Мбаппе паёмакҳои як зани ҷавонеро низ нигоҳ доштааст, ки бо ӯ дар меҳмонхонаи Стокҳолм шомро сипарӣ кардааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Килиан дар таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад ва агар айбаш исбот шавад ӯро ҳукми маҳрумшавӣ аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол интизор аст.
Мбаппе тобистони имсол ба «Реал Мадрид» гузариш анҷом дод. Ин муддат футболбози фаронсавӣ дар 11 бозӣ  ширкат карда, ба задани ҳафт гол ва ирсоли як партофти головар муваффақ шудааст. Мӯҳлати шартномаи ин бозигари фаронсавӣ бо тими испанӣ бошад то соли 2029 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив