Нашрияи L'Équipe хабар медиҳад, ки дастаи “ПСЖ” бо вуҷуди қарори Кумитаи ҳуқуқии Лигаи касбии футболи Фаронса (LFP) ба собиқ ҳамлагари машҳури фаронсавӣ Килиан Мбаппе 55 миллион евро пардохт намекунад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ПСЖ муътақид аст, ки аъмоли онҳо қонунӣ буд ва онҳо омодаанд, ки Мбапперо ба додгоҳ кашанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳамлагар аз ПСЖ талаб карда буд, ки ба ӯ барои моҳҳои апрел, май ва июни соли 2024 маош ва мукофотпулӣ пардохт кунад. Рӯзи 11 сентябр Кумитаи ҳуқуқии LFP аз ҷонибҳо даъват кард, ки масъалаи қарзро бидуни суд ҳал кунанд, аммо футболбози фаронсавӣ рад кард.