Ҳамлагари португалии дастаи «Ал-Наср» Криштиану Роналду эълон кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуначиёнаш ба 1 миллиард нафар расидааст. Вай дар таърих аввалин шуда ба ин дастовард ноил гардид.
"Мо таърих эҷод кардем - 1 миллиард обуначӣ! Ин танҳо як рақам нест - ин аз ҳавас, ҳаракат ва муҳаббат ба бозӣ шаҳодат медиҳад.
Аз кӯчаҳои Мадейра то бузургтарин саҳнаҳои ҷаҳон, ман ҳамеша барои оилаам ва барои шумо бозӣ мекардам ва ҳоло мо 1 миллиард нафарем. Ташаккур ба шумо барои бовари ба ман, барои дастгирӣ ва қисми ҳаёти ман буданатон. Беҳтарин лаҳзаҳо ҳанӯз дар пешанд ва мо якҷоя ғалаба хоҳем кард ва таърих месозем”, - навиштааст Роналду дар шабакаи иҷтимоии худ.