LIVE

Виейра метавонад сармураббии тими миллии ИМА шавад

Патрик Виейра, ки тими “Страсбург”-ро тарк кардааст, метавонад сармураббии тими миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шавад, хабар медиҳад Ассошиэйтед Пресс.
Виейра метавонад ивазкунандаи Грегг Берхалтер бошад. Ин мураббии собиқи тими Амрико бошад   ҳафтаи гузашта пас аз набаромадани амрикоиён аз гурӯҳ дар Ҷоми Амрико-2024 аз вазифааш барканор шуда буд. 
Виейра собиқ футболбози дастаҳои “Милан”, “Канн”, “Арсенал”, “Ювентус”, “Интер” ва “Манчестер Сити” мебошад. Патрик  ҳамчунин ба ҳайси бозигари тими миллии Фаронса чемпиони ҷаҳон ва Аврупо гардидааст. Виейра фаъолияти мураббии касбии худро соли 2015 оғоз карда, мураббии бошгоҳи MLS-и “Ню-Йорк Сити” буд. Минбаъд мутахассиси фаронсавӣ бо дастаҳои «Нитса» ва «Кристал Пэлас» кор кард. Патрик соли 2023 тамриндиҳии “Страсбург”-ро ба ӯҳда гирифта буд. Ёдовар мешавем, ки чемпионати ҷаҳон соли 2026 дар ИМА баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив