LIVE

Каспер Юлманд вазифаи сармураббигии тими миллии Данияро тарк кард

Сармураббии мунтахаби Дания Каспер Юлманд аз вазифааш канор рафт. Дар ин бора сомонаи расмии Иттиҳодияи футболи Дания хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Мортен Вигорст то соли нав муваққатан сармураббии тими миллии Дания мешавад.
“Баъд аз Чемпионати Аврупо дар Олмон Каспер Юлманд ва директори Ассотсиатсияи футболи Дания Питер Моллер атрофи баромади тими миллӣ дар даври ниҳоӣ ва марҳилаи интихоби интихобии Чемпионати Аврупо ва оиди ҳамкорӣ дар оянда чанд марҳилаи музокиротро анҷом доданд. Ниҳоят Каспер Юлманд ба хулосае омад, ки даста ба нерӯи нав ниёз дорад.
"Ҳамин тавр, Каспер Юлманд ва Питер Моллер ба як хулосаи умумӣ омаданд, ки замони тағирот фаро расидааст ва барои тими миллии кишвар сармураббии нав зарур аст", - омадааст дар изҳорот.
Дастаи миллии Дания бошад дар даври 1/8 финалии Евро-2024 аз тими миллии Олмон (0:2) шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив