LIVE

“Унион Берлин” аз Словакия бозигари нав харид

Дастаи “Унион” аз Берлин бо нимҳимоягари мунтахаби Словакия ва  беҳтарин ирсолгари голии “Гамбург” Ласло Бенеш шартнома имзо кард. Баъди оне, ки словакҳо аз англисҳо дар Евро шикаст хӯрданд, акнун фурсати оне расид, ки Бенеш ҳам ба дастаи нави худ биёяд.  Мавсими қаблӣ нимҳимоягари 26-сола 27 бозӣ дар лигаи дуюми Олмон гузаронида, бо 13 голу 11 партофти голӣ аз майдон канор рафтааст.   Ин омор ҳам албатта сабабгори асосии омадани бозигари словакӣ аз Бундеслигаи дуюм ба Бундеслигаи асосӣ шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив