LIVE

“Рома” ва “Латсио” дар харидории бозигарони нав фаъоланд

Як тағйироти чашмраси кадрии вобаста ба чемпионати Италия ин аз “Рома” рафтани дарвозабони португалӣ Руи Патрисиу баъди се сол аст. Патрисиу дар ин фурсатҳо    129 бозӣ гузаронид ва дар ду финали    евроҷомҳо ба майдон омад.   Дарвозабони  36-солаи португалӣ, ки дорандаи унвони қаҳрамонӣ дар Лигаи конференсияҳои соли 2022 ва финалисти Лигаи Аврупо-2023 мебошад, бо ҷониби гургон хайрухуши гарме дошта буд.
Тими римии дигар бо номи “Латсио” бошад баръакси “Рома” бозигари нав овард. “Латсио” ҳамлавари “Верона” Тейяни   Нослинро бо ҳаққи хардории 15+2 млн евро ба иҷора гирифт. Ҳамлавари 24-сола аз кишвари    Нидерланд дар сурати дуруст гирифтани бозияш дар сафи “уқобон” боз метавонад ду миллион дигар дар шакли иловапулӣ барои “Верона” кор кунад. Дар бораи кулли ин ҷузъиёти ин трансфер    Ҷанлука Ди Марсио хабар медиҳад. Нослин бошад соҳиби омори 5 голу чор паси голӣ дар 17 бозии Серияи А буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив