LIVE

Сармураббии нави тими миллии Бразилия кӣ мешавад?

Барканории Бразилия дар даври чорякфиналии Ҷоми Амрико-2024 аз ҷониби Уругвай интиқодҳоро ба ситоди мураббиёни даста шадидтар кард. Аз замони пирӯзии Тите дар Ҷоми Амрико дар соли 2019, дастаи мунтахаби Бразилия аллакай чаҳор мураббиро иваз кард, аммо устуворӣ пайдо карда натавонист.
Давраи Тите аз моҳи декабри соли гузашта пас аз нокомӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар-2022, ки даста дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз Хорватия ноком шуд ба поён расид. Аз он вақт инҷониб мушкилоте оғоз ёфт, ки қаблан вуҷуд надоштанд. Дар 17 вохӯрие, ки баъди рафтани Тите тими миллии Бразилия дошт, 6 ғалаба, 5 мусовӣ ва 6 бохтро ба қайд гирифтааст. Ин барои қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон қобили қабул нест.
Таҳти роҳбарии Доривал Ҷуниор мунтахаби Бразилия дар даври чорякфиналии Ҷоми Амрико -2024 аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд, ки боиси эҳсосоти манфии мухлисон гардид. Мушкили асосӣ дар он буд, ки даста бозии арзанда нишон дода натавонист.
Бо вуҷуди ноумедии Ҷоми Амрико-2024, Федератсияи футболи Бразилия тасмим гирифт, ки Доривал Ҷуниор ҳамчун сармураббӣ боқӣ монад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив