LIVE

Яккачини Тоҷикистон муқобили тими миллии Покистон бо либоси сафед бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии шашуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G»-ро бар зидди тими Покистон бо либоси сафед анҷом медиҳад.

Дар остонаи ин рақобат имрӯз, 10-уми июн дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Покистон ҷаласаи пеш аз бозӣ баргузор гардид.

 Дар ҷаласа ранги либоси дастаҳо муайян карда шуд. Дастаи Тоҷикистон фардо бо либоси сафед ва мунтахаби Покистон бо либоси сабз ба майдон мебароянд.

Ёдовар мешавем, ки бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Покистон рӯзи 11-уми июн соати 20:00 дақиқа дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив