LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон зидди Урдун бо либосҳои сафед ба майдон меояд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Урдун бо либосҳои сафед бозӣ мекунад.

Дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Доҳа бо иштироки намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 ва намояндагони дастаҳои Тоҷикистону Урдун ҷаласаи анъанавии ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мизбони номиналии вохӯрӣ ба ҳисоб меравад, бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд. Мунтахаби Урдун бо либоси сурх рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Урдун 2 феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа доир шуда, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив