LIVE

ЛФТ беҳтаринҳои майро дар мусобиқаи ҷавонон маълум кард

Лигаи футболи Тоҷикистон дар натиҷаи таҳлили бозиҳои моҳи май беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин бозигарро дар мусобиқаи ҳайати ҷавонон маълум кард. 

Футболбози ҳайати ҷавонони “Истиқлол” Фирӯзҷон Шарипов, ки дар ду аз чор бозии даста дар моҳи май беҳтарин бозигари дидор эътироф шуда буд, беҳтарин бозигари моҳ дониста мешавад. Бояд гуфт, ки бо 12 гол феълан Шарипов беҳтарин нишонзани мусобиқа аст. 

Мураббии беҳтарин бошад сармураббии ҳайати ҷавонони “Равшан” Баҳодур Маҳмадов муайян гардид. Дар 4 бозии май “Равшан” чор ғалаба ба даст оварда, бо имтиёзҳои баробар бо КМВА пешсафи ҷадвал аст. 

Бояд гуфт, ки имсол мукофотпулии ҷоизадорони мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ аз 1 000 (як ҳазор) сомонӣ ба 2 000 (ду ҳазор) сомонӣ афзуд ва ҳар ҷоизадор аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо маблағи 2000 сомонӣ қадрдонӣ мешавад.



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив