LIVE

Футзалбозони тоҷик аз ҷониби президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ қадрдонӣ мешаванд

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ба дастовардҳои тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 баҳои баланд дод.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи худ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Барои ин комёбӣ раиси ФФТ Рустам Эмомалӣ ба тими миллии футзали кишвар ҳамчун мукофотпулӣ 100 ҳазор доллар ҷудо кард.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок мунтахаби Тоҷикистон аллакай панҷ вохӯрӣ анҷом додааст. Футзалбозони мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тими Кореяи Ҷанубӣ (2:0) пирӯз шуда, инчунин бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ (1:1) карданд. Дар даври чорякниҳоӣ дастаи Тоҷикистон бар тими миллии Афғонистон (2:1) ғолиб шуд. Шогирдони Пайрав Воҳидов дар даври ниманиҳоӣ аз мизбони Ҷоми Осиё-2024, дастаи Тайланд (вақти асосӣ – 3:3) дар силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 5:6 шикаст хӯрданд. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 28 апрел бо тими миллии Ӯзбекистон вомехӯрад. Ин вохӯрӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив