LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон зидди Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона анҷом дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 рақобатҳои санҷишии навбатиро баргузор намуд.

Футзалбозони Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд бо тими миллии Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом доданд. Ҳарду бозӣ ба фоидаи мизбонон – 5:2 ва 3:2 анҷом ёфт.

Дастаи футзали Тоҷикистон қаблан бо тимҳои миллии Кувайт (3:3, 2:4) ва Арабистони Саудӣ (1:2, 2:4) ҳам бозиҳои рафиқона баргузор карда буд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) нерӯ месанҷад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив