LIVE

Мусовии мунтахаби футзали Тоҷикистон бо қирғизҳо дар Ҷоми Осиё-2024

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозии дуюми худро дар Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок анҷом дод.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ футзалбозони мо дар бозӣ бо тими миллии Қирғизистон ду маротиба бо ҳисоби 1:0 ва 2:0 пешсаф буданд, вале бартариро нигоҳ дошта натавонистанд. Вохӯрӣ бо ҳисоби – 2:2 анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Баҳодур Хоҷаев ва Комрон Алиев заданд.
Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби Тоҷикистон 22 апрел бо қаҳрамони феълии Осиё, тими Ҷопон бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив