LIVE

Антони Марсял баъди нӯҳ сол "МЮ"-ро тарк мекунад

Антони Марсял  тобистон баъди нӯҳ сол “Манчестер Юнайтед”-ро тарк мекунад.   Фаронсавии 28-сола, ки дигар дар мунтахаби Фаронса ҳам чеҳраи даркорӣ нест, аз моҳи   2023 дар майдон аз ӯ хатту хабар набуд. Баъди ҷарроҳӣ айни ҳол ӯ дар табобат  ва мутобиқшавӣ қарор дорад ва аз шифохона рост ба бозор мебарояд.  Аз рӯи гуфтаҳои  Фабрисио Романо дақиқан Марсял ин тобистон “МЮ”-ро тарк мекунад.  Фурсатҳои наздик баъди барқароршавии пурра аз ҷароҳат Антони бошгоҳи нав меҷӯяд. Қарордоди кории ин ҳамлавар бо “Юнайтед” бошад то санаи 30-юми июни соли ҷорӣ мӯҳлат дошта, “Юнайтед” умуман дар бораи тамдидкунии шартнома бо бозигар гуфтугӯ ҳам накардааст.  Вале аз ҷониби дигар мегӯянд, ки “Интер” нисбати Антони диққат кардааст. Ин ҳам нафарест, ки мавсими ҷорӣ 19 бозӣ дар сафи “МЮ “гузаронида, ду голу як партофти голӣ дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив