LIVE

«Манчестер Юнайтед»-ро яку якбора 13 бозигар тарк мекунанд

Дар ду равзанаи трансферии дарпешистода «Манчестер Юнайтед»-ро метавонанд 13 бозигар тарк кунанд, иттилоъ медиҳад Mirror.
Ба иттилоъ сарчашма сармураббии «девони сурх» Эрик тен Хаг ният дорад, ки бозсозии даста ва тозакунии ҳайатро идома диҳад. Номзадҳои асосӣ дар рафтан аз бошгоҳ Ҷейдон Санчо, Мэйсон Гринвуд, Донни ван де Бек ва Антони Марсял мебошанд.
Вақти кори муттахассиси 53-сола дастаро ҳамлавар Криштиану Роналду ва дарвозабон Давид де Хеа тарк кардаанд.
Тен Хаг мураббигии «Манчестер»-ро дар моҳи июли соли 2022 ба зимма гирифта, таҳти роҳбарии ӯ даста дар мавсими-2022/2023 бо касби 75 хол зинаи сеюми чемпионати Англияро ишғол намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив