LIVE

Бозигари бразилии "Латсио" ба "Палмейрас" меравад

Фелипе Андерсон эълон намуд, ки бо анҷоми мавсими ҷорӣ аз “Латсио” меравад. Ҳарчанд, ки овозаҳо атрофи рафтанаш аз назди Колизей то Турин зиёд буданд, вале бразилӣ ахиран хиёнат ба Ватан накард. Бо ин кораш албатта ӯ табъи зебарҳоро хираву малол кард.  
Пеш аз рафтанаш баъди анҷоми мавсим чуни футболбози озод Андерсон чунин суханҳои хайрбодиро аз даҳон берун кардааст:
“Бо эҳтиром нисбати “Латсио” ва кулли мухлисони он, ки ҳама вақт варо дастгирӣ менамуданд, мерасонам, ки оиди тамдидкунии шартнома бо бошгоҳ ба тавофуқ нарасидам ва дар мавсими баъдӣ ба роҳи дигар меравам”.
Фелипе аз будан дар ин тим албатта изҳори сипос намуда, аввал тибқи овозаҳо футболбози 31-сола бояд, ки ба “Ювентус” мерафт. Вале чунин нашуд, зеро тими бразилии “Палмейрас” Фелипе Андерсонро аз чанголи “Ювентус” кашида гирифт. Акнун тобистон ӯ ба Бразилия меравад ва шартнома то соли2027-ум имзо хоҳад кард.
Дар бораи рафтани Андерсон ба “Ювентус” гапҳо зиёд буданд, вале  “Палмейрас” аллакай эълон намуд, ки оиди имзокунии қарордод бо  Андерсон ба мувофиқа расидааст. 
“Рӯзи 1-уми июл вақте, ки мӯҳлати шартномаи ӯ бо Латсио поён меёбад,   Фелипе бо “Палмейрас” шартномаи мӯҳлаташ то охири моҳи декабри соли 2027 имзо хоҳад кард”.
Андерсон – дастпарвари “Сантос” буда,  11 мавсим дар сафи тимҳои  “Латсио”, “Вест Хэм” ва  “Порту” бозӣ кардаст. Дар тими итолиявӣ бошад ин бозигар соли 2017 ғолиби Суперҷоми кишвар гардида буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив