LIVE

Президенти «Челси» иваз мешавад

Соҳибкори амрикоӣ Тодд Боули, ки яке аз моликони   «Челси» мебошад, аз вазифаи раисии бошгоҳ бо анҷоми мавсими-2026/2027 вобаста ба норозигиҳои мухлисон аз кораш канор меравад. Дар ин бора Daily Mail хабар медиҳад.
Аз рӯи маълумоти сарчашма моликони бошгоҳи   лондонӣ метавонанд раисиро ҳар панҷсола миёни худ қисмат кунанд ва онҳо ният доранд, ки ин корро баъди анҷоми мавсими-2026/2027 оғоз кунанд.
Ширкати хусусии сармоягузории  Clearlake Capital, ки ба  Беҳдод Иқболӣ ва Хосе Фелисиано тааллуқ дорад, дорои 61,5%-и саҳмияҳои ширкати холдингии бошгоҳ мебошад, замоне, ки  Боули 38,5%-и боқимондаро баробар бо Хансйорг  Висс  ва Марк Уолтер қисмат намуд.
Қайд карда мешавад, ки Боули дорои саҳмияҳои «оддӣ» буда, саҳмдорони мажоритарӣ аз Clearlake Capital аз саҳмияҳои «имтиёздор»-е бархӯрдоранд, ки муҳофизати бузург аз паёмадҳои дилхоҳи молиявиро таъмин менамояд.
Ҳамин тариқ, моликони Clearlake Capital метавонанд худ нақши раисони  «Челси»-ро таъин кунанд ё шахси сеюмро ба ин вазифа таъин намоянд. Вале қайд карда мешавад, ки Боули метавонад дигарбора ин вазифаро соли 2032 ишғол намояд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки раисони нав ният надоранд, ки ба таври кардиналӣ муносибат нисбати идоракунии  «Челси»-ро иваз кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив