LIVE

11 бозигар тобистон "Челси"-ро тарк мекунад

«Челси» дар равзанаи трансфери тобистонаи оянда омода аст бо 11 бозигари худ ҷудо шавад.  Бенҷамин Чилуэл, Мейсон Маунт, Матео Ковачич, Пйер-Эмерик Обамеянг, Кристиан Пулишич, Рубен Лофтус-Чик, Сезар Аспиликуета, Конор Галлахер, Ҳаким Зиеш, Кай Хавертс ва Раҳим Стерлинг барои гузариш ба дастаҳои дигар омодаанд.

Бояд гуфт, ки дар ду равзанаи интиқоли қаблӣ "Челси" барои харидории бозигарони нав 611 миллион евро харҷ карда буд.Чунин фаъолият дар бозори трансфер ба сабаби омадани Тодд Боули ба роҳбарии даста аст.
Дар мавсими ҷорӣ дар Лигаи Англия «Челси» дар 26 бозӣ 37 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои 10-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив