LIVE

Зайниддин Раҳимов - сармураббии нави "Регар-ТадАЗ"

Сармураббии нави дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода мутахассиси маъруфи футболи тоҷик - Зайниддин Раҳимов таъйин гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки ҷонибҳо кайҳо боз дар мавриди ҳамкорӣ ба мувофиқа расида буданд ва мебоист ин мавсим Зайниддин Раҳимов дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро аз Лигаи 1-ум ба Лигаи олӣ барорад. Вале пас аз тағйиротҳо дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ ва дар мусобиқа боқӣ монданаи дастаи шаҳри Турсунзода, акнун дар назди ситоди нави мураббиёни дастаи мо бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов вазифаҳои дигар - нишон додани натиҷаи хуб ва ҳунарнамоии арзанда дар мавсими 2024 гузошта шудааст.

Қарордоди ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо барои як сол имзо гардида, дар сурати иҷро гардидани ҳадафҳо ба таври худкор қарордоди ҳамкорӣ боз тамдид карда мешавад.

Хуш омадед, ба дастаи мо Зайниддин Раҳимов!
Ба Шумо ва дастаи “Регар-ТадАЗ” дар мавсими 2024 барору комёбӣ ва пирӯзиҳои доимӣ орзумандем!

Маълумотнома
Раҳимов Зайниддин Абдуллоевич 14-уми майи соли 1965 дар Тоҷикистон ба дунё омада, даврони футболбозии худро дар дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб, “Вахш”-и Қурғонтеппа (Бохтар), “СКА”-и Қумсангир (Ҷайҳун), “Ҳосилот”-и Фархор ва “Помир”-и Душанбе гузаронидааст.
 
Зайниддин Раҳимов фаъолияти футболбозии худро дар 36 солагӣ ҷамъбаст карда, аз соли 1999 пешаи мураббигиро интихоб кард. Ибтидо ба ҳайси сармураббӣ дар дастаҳои “Равшан” (солҳои 1999-2000 дар баробари футболбозӣ, ҳамзамон мураббӣ низ буд) ва “Ансол”-и Кӯлоб (солҳои 2001-2002) кор карда, баъд дар солҳои 2004-2006 сармураббии дастаи “Динамо”-и Душанбе буд. Ҳамзамон бо ин, дар соли 2004 ба ҳайси ёвари сармураббӣ дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ як муддат кор кардааст.

Тӯли солҳои охир Зайниддин Раҳимов ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон кор карда ба муваффақиятҳои бузург ноил гардид. Муҳиммтарин дастоварди ӯ ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё U-16 дар соли 2018 ва ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ миёни наврасони то 17 сола баровардани дастаи наврасони Тоҷикистон дар соли 2019 мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив