LIVE

Дар футболи Россия аз ҳама зиёд кадом даста дар бозор харидорӣ кард?

Ҳама медонанд, ки аз ҳама бештар дар футболи Россия  "Зенит" аз ҳама зиёд пул дорад ва ин навбат петербургиҳо  30 млн евро масраф кардаанд, дар ҳоле, ки ҳамаи дастаҳои дигар дар умум бо арзиши 39 млн евро харидориҳои нав кардаанд.
Масрафиёти умумии дастаи  "Зенит" 29,85 млн евро буда, ҳайати қаҳрамонони Россияро зимистон Артур (бар ивази 15 млн евро),   Педро (бо нархи 9 млн евро),   Нино (бо арзиши 5 млн евро) ва Илзат Ахметов (бар ивази 850 ҳазор евро) пурра карданд.
Бояд қайд кард, ки дастаҳои дигари ПЛР бошанд дар умум  39 млн евро масраф кардаанд. Дар зинаи дуюм аз миёни дастаҳои харидори русӣ   дар бозор "Спартак" аст, ки бо арзиши  13 млн ҳамлавар Манфред Угалдеро харид ва ин ҳам бозигари ягонаи нав  дар даста гардид.
Дар зинаи сеюм бошад  "Краснодар" қарор гирифт, ки  8,8 млн евро баҳри овардани нимҳимоягари такягоҳӣ Кевин Кастанйо (7,3 млн евро) ва Виктор Са (1,8 млн евро) масраф кард. Ягона дастаи русие, ки зимистон ягон харидорӣ анҷом надод, ин "Динамо"-и Москва мебошад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив