LIVE

«Равшан» - барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон

«Равшан»-и Кӯлоб таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2024 гардид.

Дар шаҳри Ҳисор сездаҳумин мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар бошгоҳи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ғалабаовар футболбози нави тими шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Зарипов гардид, ки дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал эътироф шуд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм КМВА-и Душанбе бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив