LIVE

Чаро бозигари афғонро аз "Байер"-и Алонсо гусел карданд?

Дастаи то ҳол пешсаф дар Бундеслига тавонист ин зимистон бар замми харидориҳои на он қадар гарон аз бозигари хеш халос шавад. 
"Байер"-и Алонсо қарор кард, ки Надим Амириро агар дар чемпионии эҳтимолӣ фоидаааш расида натавонад, беҳтараш зиёнаш тамоман даркор нест. 
Аз ин рӯ бозигари афғонтабори олмонӣ Надим Амирӣ ба "Майнс" бар ивази 1,5 млн евро фурӯхта шуд ва шартнома то соли  2026 имзо кард.
Олмонии 27-сола мавсими ҷорӣ ҳашт бозӣ дар   Бундеслига гузаронида, чӣ тавре гуфтем ягон фоидааш ба дорусозон нарасидааст. 
Аз ин рӯ мабодо зарараш дар охирҳои мавсим нарасид, тезтарак аз хати сарҳади варзишгоҳ ӯро гузаронида, ба самти бошгоҳи "Майнс"  гусел карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив