LIVE

Суханони охирини Петр СЕГРТ аз Ҷоми Осиё-2023

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт натиҷаи бозии чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо дастаи Урдун (0:1)-ро шарҳ дод. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин баромади худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори ҳаштгонаи беҳтаринҳои қитъа ворид шуд.

Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:

– Дастаи Урдунро бо ин ғалаба табрик мекунам. Мо фурсатҳои зиёдеро аз даст додем. Ман ба ҳамаи бозигарони тими миллии Тоҷикистон ташаккур мегӯям. Онҳо дар Ҷоми Осиё-2023 ҳамаи қувваашонро сарф намуданд.

– Умуман, дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 лаҳзаҳои хуберо сипарӣ кард. Оё шумо аз бозии шогирдонатон қаноатмандед?

– Мо дар ду финали Ҷоми Осиё ширкат кардем, ман бозиҳоро бо Лубнон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар назар дорам, ки дар онҳо ғолиб омадем. Пирӯзиҳоро дар ин рақобатҳо хеле эҳсосотона ҷашн гирифтем. Дар нерӯсанҷии имрӯза дастаи боқувваттар дастболо гардид. Шояд фардо бори дигар баромади худро дар Ҷоми Осиё ҷашн гирем. Дастаи Тоҷикистон ҳоло ба хона бармегардад, вале мо бо сари баланд ба Ватан бармегардем.

– Мо шуморо дар Ҷоми Осиё пазмон мешавем. Дар бозӣ бо Урдун ба тими Тоҷикистон чӣ шуд?

– Дар ибтидо мо ҳамлагари калидиамонро аз даст додем. Ин вазъият моро аз хати кашидаамон берун кард. Бозигаре, ки ба ҷойи ҳамлагари маҷрӯҳшудаи мо баромад, барои вориди бозӣ шудан фурсат наёфта, майдонро тарк кард. Мо дар Ҷоми Осиё имкониятҳои маҳдуд доштем, аммо бо боварӣ мегӯям, ки имрӯз футболбозони мо то дақиқаҳои охирин мубориза бурданд.

– Иштироки худро дар Ҷоми Осиё-2023 аз рӯйи ҷадвали 10-балла чӣ гуна баҳо медиҳед?

– Футболи тоҷик рушд мекунад. Натиҷаи имрӯза дар ин бора шаҳодат медиҳад. Ман ба шумо як лаҳзаро нақл мекунам. Чанде пеш аз бастани шартнома бо тими миллии Тоҷикистон як дӯсти наздикам гирифтори бемории саратон шуд. Суханони охирини ӯ ба ман ин буд: «Шумо бояд Тоҷикистонро ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА бароред». То Ҷоми Осиё-2023 мо дар ҷойи 106-ум будем. Ва шумо дидед, ки мо дар Ҷоми Осиё чӣ гуна баромад кардем. Ин мусобиқа ба мо беҳтарин лаҳзаҳо ва эҳсосоти фаромӯшнашаванда бахшид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив