LIVE

Пешвозгирии самимонаи тими миллии Тоҷикистон дар Ватан

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки баромади худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа анҷом дод, ба Ватан баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи моро намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзноманигорон, мухлисону наздикони бозигарон, ситоди мураббиёни тими миллии кишвар пешвоз гирифтанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин ширкати худ дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ бозӣ анҷом дода, ба даври чорякниҳоӣ баромад. Дар натиҷа мунтахаби Тоҷикистон ба қатори ҳаштгонаи беҳтаринҳои қора дохил шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив