LIVE

Хендерсон ба Аврупо баргашт

Собиқ сарвони бошгоҳи "Ливерпул" ва бозигари "Ал-Иттифоқ"-и Арабистони Саудӣ   Ҷордан Хендерсони 33-сола баъди гузаронидани нимаи мавсими футболӣ дар Про-лигаи Арабистон Саудӣ ба Аврупо баргашт.
хХадамоти матбуотии тими нидерландии  «Аякс» расман иттилоъ дод, ки шартнома бо бозигари англис ба мӯҳлати ду сол баста шудааст. Дар тими нави хеш бозигар таҳти рақами  6-ум баромад мекунад. Пештар хабар дода мешуд, ки Ҷордан чемпионати Арабистони Саудиро вобаста ба номусоидии боду ҳаво, ташрифи ками мухлисон дар варзишгоҳ ва сатҳи зиндагӣ тарк кардааст. Як сабаби дигари баргашти Хендерсон ба Аврупо ин роҳ ёфтан ба тими мунтахаби Англия дар Евро-2024 мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив