LIVE

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон баъди бозӣ бо Қатар чӣ гуфт?

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт натиҷаи бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қатарро, ки рӯзи 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Доҳа баргузор шуда, ба фоидаи қатариҳо – 1:0 поён ёфт, шарҳ дод.

Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:

– Пеш аз бозӣ мо медонистем, ки дар рақобат бо Қатар имконият хоҳем дошт. Бо мизбони Ҷоми Осиё бозии хуб анҷом додем. Ташаккур ба бачаҳо барои фидокорӣ, онҳо муборизаи хуб бурданд. Мо вохӯриро даҳ нафара ба охир расондем, дар ҳимоя нанишаста, кӯшиш кардем, ки ҳисобро баробар кунем. Ин ҳам аҳамияти калон дорад. Қатарро бо ин пирӯзӣ табрик мегӯям. Мо мағлуб шудем, зеро имкониятҳои худро истифода набурдем. Метавон гуфт, ки дар задани гол бахт ба рӯйи Қатар хандид.

– Мегӯед, ки тими Қатарро дар задани гол бахташ омад кард. Ба фикри шумо, оё бозӣ бояд қатъ карда мешуд?

– Мувофиқи қоидаҳое, ки ман медонам, бозӣ бояд қатъ карда мешуд. Шояд ҳангоми омӯхтани қоидаҳо ман чизеро аз даст додаам. Ҳама дид, ки дар он ҳолат чӣ шуд. Аммо ҳама чиз аллакай гузашт, бозӣ ба охир расид ва ман бояд мағлубиятро қабул кунам.

– Мунтахаби Тоҷикистон тавонист дар ду бозӣ фурсатҳои зиёд ба вуҷуд оварад, аммо амалишавӣ мелангад. Сабаб чист?

– Мо барои задани гол ҳама чизро кардем, аммо ин кори ҳамлагарон аст. Ҳама мегӯянд, ки дастаи мо дар мусобиқот хуб бозӣ карда, имкон фароҳам меорад. Ман ҳамчун мураббӣ наметавонам ба майдон баромада, гол занам. Аммо бовар дорам, ки дар бозии оянда дар Ҷоми Осиё голи аввалини худро мезанем. Дар ҳар як тамринҳо мо ҷанбаи амаликуниро машқ мекунем.

– Мунтахаби Тоҷикистон дастаи хубест, ки футбол бозӣ мекунад. Шумо дар мудофиа нанишастед, балки пайваста ҳуҷум кардед. Шоёни таҳсин аст. Оё боре тасаввур карда будед, ки дар ин варзишгоҳ, ки вохӯриҳои бузурги Ҷоми ҷаҳонро мизбонӣ мекард, дастаи шумо мисли имрӯз бозӣ мекунад?

– Медонед, мо бори аввал аст, ки дар Ҷоми Осиё иштирок мекунем. Тоҷикистон кишвари хурд аст, аммо ҳадафҳои мо калон мебошад. Мо мехоҳем то ҳадди имкон дар Қатар бимонем. Бозии навбатӣ бо Лубнон аст. Муборизаи душвор хоҳад буд, мо бояд гол занем, ин хеле муҳим аст. Барои роҳ ёфтан ба даври навбатии Ҷоми Осиё талош хоҳем кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив