LIVE

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ зидди Қатар идома дорад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» муқобили тими миллии Қатар оғоз кард.
Дар тамринҳо ҳама 26 бозигаре, ки дар ихтиёри сармураббӣ Петр Сегрт ҳастанд, ширкат варзиданд. Ба ҷойи Амирбек Ҷӯрабоев, ки ҷароҳат дорад, Комрон Турсунов ба Ҷоми Осиё-2023 даъват гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷолми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон зидди чиноиҳо бозиро бо натиҷаи сифр бар сифр анҷом дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив