LIVE

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон баҳри иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 маълум шуд

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар бораи ҳайати дастаи мунтахаби кишвар барои Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12 январ то 10 феврал дар Қатар баргузор мешавад, тасмим гирифт.
Ба рӯйхати ниҳоии даста барои Ҷоми Осиё 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил гашт.
Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рақобат мекунад. Дастаи Тоҷикистон дар бозии якуми худ рӯзи 13-уми январ бо тими миллии Чин нерӯ месанҷад.
Дастаи Петр Сегрт рӯзи 17-уми январ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 – тими миллии Қатар вомехӯрад.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот мунтахаби мо 22 январ бо яккачини Лубнон рақобат мекунад.
Бояд қайд кард, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои севум ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»), Далер Имомназаров («Эсхата»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Ӯзбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Куктош»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «А»
Даври 1
13 январи соли 2024 (шанбе)
Оғоз – соати 19:30 ба вақти Душанбе
Чин – Тоҷикистон
Доха, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа
Даври 2
17 январи соли 2024 (чоршанбе)
Оғоз – соати 19:30 ба вақти Душанбе
Тоҷикистон – Қатар
Доха, варзишгоҳи «Ал-Байт»
Даври 3
22 январи соли 2024 (Душанбе)
Оғоз – соати 20:00 ба вақти Душанбе
Тоҷикистон – Лубнон
Доха, варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамад

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив