LIVE

Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими Россия

Имрӯз, 20-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии рафиқона миёни мунтахабҳои Россия (U16) ва тими миллии Тоҷикистон (U17) доир гардид, ки бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони тоҷик хотима ёфт.
Дар нимаи аввали бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ду гол ба самар расонида, бо бартарии боваринок ба таннафус баромад. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ наврасони рус як голи ҷавобӣ заданд, вале ҳисоб дигар тағйир наёфт. Бози мазкур бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив