LIVE

Ҳафт дастаҳои мунтахаби африқоӣ аз баргузории бозиҳои хонагӣ маҳрум карда шудаанд

Дар таннафуси бошгоҳӣ бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон — 2026 дар минтақаи Африқо низ оғоз гардиданд. Бо вуҷуди ин яку якбора ҳафт дастаи ин қора расман бозиҳои хонагии хешро дар Марокаш мегузаронанд, иттилоъ медиҳад AP. Инҳо кишварҳои Эфиопия, Буркина-Фасо, Чад, Гвинея, Нигер, Сомали ва Сан-Томе ва Принсипи мебошанд. Худи мунтахаби Марокаш бошад бозии хонагӣ надорад, зеро вохӯрияш вобаста ба даст кашидани мунтахаби Эритрия аз иштирок дар ин марҳила доир намегардад.
Конфедератсияи футболи африқоӣ аз соли  2021 сиёсати беҳбудии сохтмон ва азнавсозии варзишгоҳҳои босифат барои мунтахабҳои миллие, ки майдонҳояшон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд, роҳандозӣ кардааст.  
Ба ин хотир 17 бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар моҳи ноябр на дар кишварҳое доир мешаванд, ки бояд ин рақобатҳоро мизбонӣ мекарданд. Бозиҳои дигари мавқуфмонда дар кишварҳои Миср, Кот-д’Ивуар, Либия, Либерия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Танзания баргузор мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив