Нимҳимоягари «Реал» Мадрид Эдуарду Камавинга ҷароҳати зону бардошт, иттилоъ медиҳад El Chiringuito.
Тибқи иттилоъи сарчашма футболбози 21-сола дар тамринҳои мунтахаби Фаронса бо бозигари канории «ПСЖ» Усмон Дембеле бархӯрд ва баъди он майдонро тарк намуд. Гуфта мешавад, ки ҷароҳати бардошта қисмати зонуро фарогир буда, мӯҳлати барқароршавӣ шаш ҳафтаро ташкил медиҳад.
Камавинга ба шаҳри Мадрид бармегардад то аз муоинаи иловагии тиббӣ гузарад ва дараҷаи ҷароҳатро дақиқ намояд.